- ахраб
- [اخرب]а1. кит. харобтар, вайронтар2. адш. дар арӯз номи зиҳофест, ки дар натиҷаи партофта шудани ҳиҷои аввал ва кӯтоҳ шудани ҳиҷои охири рукни асосии баҳри ҳазаҷ – «мафоӣлун» шакли «фоӣлу» ба вуҷуд ояд ҳам, ба ҷои он рукни «мафъӯлу»-ро истифода мебаранд; вазни анъанавии рубоӣ шаҷараи ахраб ва шаҷараи ахрами баҳри ҳазаҷ ба ҳисоб меравад; муқ. ахрам
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.